ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Ӯзбекистон Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бораи додани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ба тасвиб расид, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ин санад дар чорчӯби қарор “Дар бораи тасвиби шартномаи байналмилалӣ”, ки раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имзо кардааст, баррасӣ шудааст.
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода шудааст, ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи иҷрои расмиёти дохилии кишвар дар ин хусус огоҳинома ирсол намояд.
Қобили зикр аст, ки созишнома 17 августи соли 2018 ба имзо расида буд.
Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Дар Тошканд барои сохтмони бинои нави Сафорати Тоҷикистон 1 гектар замин ҷудо шудааст.
Он дар ноҳияи Себзори пойтахт вокеъ аст. Сохтмони бинои шӯъбаи дипломатӣ, инчунин бинои истиқоматӣ барои дипломатҳо ва дигар иншооти зарурӣ аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Намояндагии дипломатии Қазоқистон низ дар ҳамин минтақа ҷойгир аст.