ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Коронавирус ҳадди аққал то соли 2026 хатарнок хоҳад буд. Ин аст хулосаи коршиносони гурӯҳи машваратии таҳқиқоти изтирории Бритониё. Изҳороти онҳо дар вебсайти созмон нашр шудааст.
"SARS-CoV-2 таҳдид ба системаи тандурустиро идома медиҳад ва ҳадди аққал дар панҷ соли оянда мониторинги фаъол тавассути ваксиназанӣ ва маълумотро талаб мекунад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Ба гуфтаи олимон, агар ваксина ва чораҳои умумии пешгирӣ аз паҳншавии вирус ба қадри кофӣ самаранок набошанд, ин давра метавонад афзоиш ёбад.
Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки шояд давоми 5-10 сол барои нигоҳ доштани масунияти оммавӣ тавассути ваксиназанӣ, гузаронидани ташхисҳо ва чанд чораи дигар аз паҳншавии беморӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар Бритониё бар хилофи дигар кишварҳои аврупоӣ вазъи COVID-19 бинобар ваксинагирии сокинон муътадил шудааст.