Кремл гуфт, аз суҳбати Путину Байден чиро интизор шудан мумкин аст

Кишвардори Амрико қабл аз суҳбат бо ҳамтоёни аврупоии худ дар тамос мешавад ва сипас суҳбати ӯ бо Зеленский дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков бар ин назар аст, ки интизори пешрафтҳо аз гуфтугӯи президентҳои ИМА ва Русия душвор аст, хабар медиҳад РИА "Новости".

"Аз гуфтугӯҳо пешрафтро интизор шудан душвор аст. Мо ҳоло дар равобити дуҷониба чунон тавофуқҳои азим дорем, ки дар чанд соати суҳбат ҳалли онҳо номумкин аст. Аз ин рӯ, биёед, ҳадди ақал умедвор бошем, ки раҳбарон тавонанд нигарониҳояшонро ба ҳамдигар возеҳ баён кунанд", - тавзеҳ дод Песков.

Музокироти Владимир Путин ва Ҷо Байден тавассути пайванди видеоӣ рӯзи сешанбе дар назар аст. Президентҳо дар навори видеоӣ доираи васеи мавзуъҳо, аз муносибатҳои дуҷониба то масоили байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол як рӯз пеш Ҳукумати ИМА хабар дод, ки Ҷо Байден қабл аз гуфтугӯ бо раҳбари Русия бо ҳамкорони аврупоии худ суҳбат хоҳад кард.
Маълум шуд, ки Путин ва Байден дар тамоси видеоӣ аз чӣ мегӯянд
Зимнан дафтари матбуотии президенти Украина низ хабар дод, ки Ҷо Байден пас аз суҳбат бо президенти Русия бо Владимир Зеленский дар тамос мешавад.
Қаблан маълум шуда буд, ки раҳбарони Русия ва Амрико қасд доранд, ду мулоқот баргузор кунанд. Мулоқоти аввал мебоист то охири соли 2021 баргузор шавад ва дар соли 2022 Путину Байден мулоқоти ҳузурӣ хоҳанд кард.