ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи фаврӣ баргузор кард ва дастуру супоришҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба масъулон расонд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ин вилоят.
Гуфта мешавад, ҷаласа бо ҳузури муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардору мудирони раёсат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва раисони шаҳри ноҳияҳо баргузор гашт.
Масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, инҳо тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва хушксолӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки кишти тирамоҳиро сари вақт иҷро намуда, бо омадани гармо ва наборидани барфу борон ҳамаи дастгоҳҳои обкаширо бо барқ таъмин ва ба кор дароварда, тамоми заминҳои киштшударо обёрӣ кунанд.
Ҳамзамон ба масъулон супориш дод, ки тамоми аҳолии ин вилоят ҳарчи бештар бо ваксина алайҳи бемории коронавирус таъмин шаванд.