Аз бузи алпӣ то "бизони амрикоӣ": Раҳмон дар Ҳисор мамнуъгоҳи ҳайвоноти нодир кушод - акс

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор мамнуъгоҳи ҳайвоноту паррандаҳои нодирро ифтитоҳ кард, ки аз ҷониби ширкати "Қуллаҳои тоҷик" таъсис дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ширкати "Қуллаҳои Тоҷик" дар майдони 4 ҳазор гектар замини шаҳри Ҳисор мамнуъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо ташкил кардааст, ки рӯзи ҳафтуми декабр аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маҳалле, ки мамнуъгоҳ бунёд гардидааст, садҳо гектар замин бекор хобидаву аз ҳосил монда буд, ҳайвоноти нодир ва парандаҳо вуҷуд надоштанд.
Манбаъ афзуд, феълан дар мамнуъгоҳи мазкур қариб 22 ҳазор сар ҳайвону парандаҳои гуногун мавҷуданд, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз давлатҳои Русия, Лаҳистон, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо ворид карда шудаанд.
1 / 8
Мамнуъгоҳи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор
2 / 8
Мамнуъгоҳи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор
3 / 8
Мамнуъгоҳи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор
4 / 8
Мамнуъгоҳи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор
5 / 8
Мамнуъгоҳи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор
6 / 8
Мамнуъгоҳи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор
7 / 8
Мамнуъгоҳи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор
8 / 8
Мамнуъгоҳи ҳайвонот ва паррандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор
Таъкид шудааст, ки аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди "морал", "сурх", "наҷиб", "лан" ва бузҳои навъи "алпӣ" ва "муфлон" ворид карда шудаанд.
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ афзуд, ки феълан гуфтушунид барои ворид намудани ҳайвоноти навъи "бизони амрикоӣ" идома дорад.
Дар феҳрасти ҷонварони дигари мамнуъгоҳ бедонаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғи марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ, оҳу ва ғайра ном бурда шудаанд.
Дар Тоҷикистон теъдоди ҳайвонҳои нодир афзоиш меёбад
Бо мақсади ҳифзи ҳайвонот аз боронҳои шадид, барф ва дигар ҳодисаҳои табиӣ дар ҳудуди минтақа13 бинои махсус, аз ҷумла қафасҳо сохта шудаанд.
Манбаъ изҳор дошт, ки баъди таъсиси мамнуъгоҳ дар ин ҷо 150 нафар аз сокинони кишвар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.