ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Сиёсати Ҷо Байден боиси заиф шудани мавқеи ИМА дар арсаи ҷаҳонӣ шуд, зеро раҳбари Амрико манфиатҳои кишварро ҳимоя карда наметавонад, менависад "The Wall Street Journal".
Ба гуфтаи муаллифони матлаб, сарони кишварҳои рақобаткунанда, Русия, Чин ва Эрон кайҳо боз ба куҳансолтарин раисҷумҳури ИМА ҷиддӣ муносибат намекунанд, зеро ӯ қодир нест, дар муқобили мухолифонаш тавоноӣ нишон диҳад.
"Байден ваъда дод, ки баръакси Трамп нисбат ба Путин сахтгир хоҳад буд, аммо амалҳояш заифтаранд. Вай таҳримҳои ИМА алайҳи лӯлаи гази "Маҷрои Шимоли-2" ба Аврупоро лағв кард. Болоравии нархи нерӯи барқ дар ҷаҳон имкони Путин ва Эронро васеъ мекунад", - мегӯянд рӯзноманигорон.
Илова бар ин муаллифон аз худдории Байден дар фурӯши силоҳ ба Украина ва тасмими ӯ дар мавриди баррасии масоили аслии барномаи сиёсати хориҷӣ бо Владимир Путин нороҳат шудаанд. Ба эътиқоди онҳо, муколамаи мушобеҳи гузашта Русияро "хашмгинтар" кардааст.
Раисҷумҳури Русия ва ҳамтои амрикоии ӯ рӯзи ҳафтуми декабр дар шакли видеоӣ гуфтугӯ хоҳанд кард. Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари Путин, ин мулоқот идомаи муҳими нишасти моҳи июни Женева хоҳад буд.
Интизор меравад, ки президентҳо вазъи ғайриқаноатбахш дар равобити дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, авзоъ дар Афғонистон, Эрон, Либия ва буҳрони дохилии Украина дахл кунанд.
Илова бар ин сарони давлатҳо метавонанд мушкилоти пандемия, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва бозори нафтро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.