ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон тақрибан кулли рӯзҳои ҳафтаи ҷорӣ ҳавои мӯътадили офтобӣ хоҳад буд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар Душанбе давоми ҳафтаи равон хело гарм шуда, рӯзона гармо тақрибан ба 14—16, шабона 1—3 дарача гарм мешавад.
Баъзан ҳаво камаабру бебориш, вале фаромадани туман дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Обу ҳаво дар Хуҷанду вилояти Суғд низ мусоиду офтобӣ ва бидуни борон хоҳад буд.
Рӯзона 11-13 гарм ва шабона аз 2 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук мешавад. Дар куҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд, шамол то 9 метр дар як сония мевазад.
Дар Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.
Шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад. То охири хафта хаво як-ду дарача хунук мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб ва ғарби ВМКБ шабона аз 17 то 28 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа сард мешавад.
Дар ҷануби кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои офтобӣ ва гарм хоҳад буд. Ҳаво рӯзона +17 дараҷа ва шабона аз 3 дараҷа гарм то 5 дараҷа хунук мешавад. Дар доманакуҳҳо 0—5 дарача гарм, рузона 9—14 дарача гарм.