ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ҳоло дар ҷаҳон ягон мавриди фавт аз коронавирус сабт нашудааст, мегӯянд мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар гузориши ахири худ.
Майкл Райан, мудири Барномаи ҳолатҳои изтирории тандурустии СҶБ қайд намудааст, ки барои пурра омӯхтани навъи нав боз чанд ҳафтаи дигар лозим аст.
"Барои муайян кардани дараҷаи сироят ва қобилияти он барои ба вуҷуд овардани бемориҳои шадид чанд ҳафтаи дигар лозим аст. Мо бар ин боварем, ки ба ҳамаи посухҳои худ ҷавоби қатъӣ пайдо мекунем", - таъкид намудааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи сеюми декабр Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, омикрон дар 38 кишвари ҷаҳон муайян карда шудааст, аммо штамми делта ҳамоно сирояткунандатарин ба ҳисоб меравад.
Вале таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки штамми нав метавонад нисбат ба навъҳои қаблӣ зудтар паҳн шавад.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъи коронавирус ором аст, аммо Наврӯз Ҷаъфаров намояндаи Вазорати беҳдошти ҷумҳурӣ чанде қабл гуфта буд, ки эҳтимоли роҳ ёфтани ин навъи нав ба Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.