ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Штамми омикрони коронавирус ҳамакнун ба Русия низ роҳ ёфт. Ташхиси ду нафаре, ки тоза аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, гирифторӣ ба вируси омикронро ошкор кардааст, хабар медиҳад "Роспотребнадзор".
"Ташхиси ду нафари ба Русияомада, мусбат баромад ва Пажуҳишгоҳи марказии эпидемиологии "Роспотребнадзор" муайян намуд, ки онҳо гирифтори навъи нави омикрон мебошанд", - омадааст дар хабар.
Қаблан гуфта шуд, ки ташхиси 10 нафари аз Африқо баргашта мусбат баромад ва онҳо гирифтори SARS-CoV-2 ҳастанд. Ҳоло маълум нест, ки 8 нафари дигар гирифтори кадом навъи вирусанд.
Штамми нави B.1.1.529 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи бистуми ноябр кашф шудааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав дар геноми SARS-CoV-2 аз гузариши баланди ин вариант ва муқовимат ба антителоҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои ниҳоӣ ҳанӯз барвақт аст.
Зимнан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин навъро "ташвишовар" гуфт ва онро омикрон номид.
Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемор шудаанд ё ваксина гирифтаанд, метавонанд мубтало ба ин навъи вирус шаванд ва нишонаҳои он аз хастагӣ то дарди сару аъзои баданро дар бар мегиранд.