ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Муҳоҷироне, ки аз омаданашон ба Русия зиёда аз 90 рӯз сипарӣ шудааст, эҳтимол бинобар холкӯбиҳои нав ё тағйири намуди зоҳирӣ дубора аз ташхиси изи ангуштон гузаранд, ки ин талабот аз лоиҳаи фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бармеояд.
Ҳамин тариқ мумкин аст, ки муҳоҷирони корӣ изи ангушт ва аксбардорӣ шаванд.
"Шаҳрвандони хориҷӣ бояд як бор бо изи ангуштон ва аксбардорӣ ба қайд гирифта шаванд, ба истиснои шахсоне, ки нисбат ба онҳо тағироти назарраси доимӣ дар намуди зоҳирӣ муайян карда шудааст", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Тағйирёбии доимии намуди зоҳирӣ маънои пайдо шудан ё бартараф кардани доғҳо, нуқсонҳои пӯст, холкӯбӣ, тағирёбии намуди зоҳирӣ дар натиҷаи дахолати ҷарроҳиро дорад.
Дар сурати аз дас додани пой, даст ё ангушт дубора изи ангушт гирифтан лозим меояд.
Илова бар ин тахмин карда мешавад, ки биометрияи навро онҳое низ месупоранд, ки “аз рӯзи аксбардории қаблияшон даҳ сол гузаштааст”.
Тибқи тарҳи фармони ВКД, дар сурати тағйири насаб, ном, номи падар, сана ва ҷои таваллуд, ҷинс ва шаҳрвандии дубора гирифтан изи ангушт ва аксбардорӣ лозим мешавад.
20 октябри 2021, 13:17
Қайд карда мешавад, ки шарти дигари пешниҳоди дубораи маълумот метавонад гум шудани ҳуҷҷати изи ангушт ё сабаби дигари имконнопазирии пешниҳоди он бошад.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 29 декабр муҳоҷирон дар Русия бояд кортҳои нав бо чипҳои изи ангушт дарёфт кунанд.
Ин корти дорои микросхема тасвири электронии нақшҳои папиллярии ду ангушти дасти одам ва дигар маълумоти шахсиро дар бар мегирад. Ин корт бояд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан гирифта шавад. Ин схема инчунин барои он муҳоҷирони меҳнатие, ки барои патент муроҷиат мекунанд ё иҷозаи кор мегиранд, пешбинӣ шудааст.