ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду нафарро бо иттиҳоми одамкушӣ боздошт кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони куштори ҳамсари ҷавонаш боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, боздоштшуда чаҳоруми декабр, тахминан соати 11:00 дар ҳаштум ошёнаи бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт ҳамсараш, зани 22-солаи сокини ноҳияи Файзободро аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо банд бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
4 декабри 2021, 11:45
Мард баъди ба ҳалокат расонидани ҳамсараш ҷасади ӯро таги қум пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамзамон пулис як марди 30-солаи сокини шаҳри Панҷакентро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст, дастгир кардааст.
"Номбурда сеюми декабри соли 2021, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо амакаш, марди 65-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо дасту пояш ба аъзои баданаш ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст", - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи зарбу лат ҷабрдида дар беморхона вафот кардааст.
ВУД мегӯяд, вобаста ба ҳарду ҷиноят парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.