ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар ин бора ахиран, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода дар вохӯрӣ бо директори генералии СҶТ хонум Нгози Оконҷо Ивеала дар шаҳри Женеваи Швейтсария изҳор дошт, иттилоъ додааст дафтраи матбуоти вазорати тандурусӣ.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон дар давраи узвият ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар самтҳои рушди савдои хориҷӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, содагардонии расмиёти савдо ва дар маҷмӯъ рушди устувори иқтисодӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.
“Ҳаҷми содирот ду маротиба ва номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, як қатор ислоҳоти муҳим дар соҳаи савдо амалӣ гардид”, - гуфт вазири тоҷик.
Ҳамзамон, зимни мулоқот вобаста ба дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди СҶТ, ки рӯзҳои 6-8 декабри соли ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардид.
Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки Завқи Завқизода мудири кулли СҶТ-ро барои иштирок дар ҳамоиши муҳим дар бораи натиҷаҳои фосилавии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки тобистони соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон даъват намуд.
Гуфта мешавад, ки таклиф пазируфта шуд.
Бояд гуфт, ки соли 2013 Тоҷикистон ба сифати узви комилҳуқуқи СҶТ пазируфта шуд. Расмиёти ворид шудани Тоҷикистон ба ин созмон муддати 12 сол идома ёфт: соли 2001 ҳукумати ҷумҳурӣ ба Котиботи СҶТ бо мақсади ҳамроҳ шудан баСозмон нома-дархост фиристод.
Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 119 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом дод.