ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мақомоти милиса қаҳрамонҳои навореро, ки дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе сабт шудаасту тайи рӯзҳои охир дар интернет мечархид, муайян кардааст.
Дар навори нашршуда ҷавондухтаре як ҷавонписарро бо иддаои он, ки аз дасташ қапидааст, дашном дода, таъкид намудааст, ки барои ин амалаш посух хоҳад дод.
Раёсати умури дохилии Душанбе гуфт, муайян шуд, ки иштирокчиёни ҳодиса марди 30-сола, сокини шаҳри Бохтар ва духтари 25-сола, сокини пойтахт мебошанд.
Маълум гардидаст, ки санаи 3 декбари соли ҷорӣ, ҷавонписар дар кӯчаи Зарнисор дар бозори "Корвон", дасти духтарро қапидасту дашном додааст. Дар посух ҷавондухтар низ дағалрафторӣ намуда, суханҳои қабеҳ задааст, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаст, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шуд, ки алайҳи ҳарду иштирочкии муноқиша тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои майдаавбошӣ парванда тартиб дода шудааст.
Бо қарори додгоҳ ҷавонписар барои 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ҷавондухтар ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 420 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидааст.