ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Рӯзи ҳафтуми декабр президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои амрикоиаш Ҷо Байден тавассути тамоси видеоӣ суҳбат хоҳад кард. РИА "Новости" менависад, Кохи Сафед яке аз мавзуъҳои гуфтугӯи дарпешистодаро эълон кард.
"Президент Байден рӯзи сешанбеи ҳафтуми декабр бо Путин тамоси видеоӣ анҷом хоҳад дод", - гуфта мешавад дар изҳороте аз номи котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷейн Псаки.
Қаблан санаи тамосро сухангӯи Кремл Дмитрий Песков таъйид карда буд.
Ба гуфтаи Псаки, сарони кишварҳо баъзе аз мавзуъҳои марбути "муносибатҳои ИМА ва Русия, аз ҷумла суботи стратегӣ, масъалаҳои киберӣ ва минтақавӣ"-ро баррасӣ хоҳанд кард.
"Президент Байден бар нигаронии ИМА аз фаъолияти низомии Русия дар марз бо Украина таъкид хоҳад кард ва аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар пуштибонӣ мекунад", - гуфт сухангӯи Кохи Сафед.
Ахиран расонаҳои ғарбӣ хабарҳо дар бораи омодагии эҳтимолии Русия барои таҷовуз ба хоки Украинаро нашр намуданд. Дар Киев нахуст гуфтанд, ки дар наздикии марзҳои худ ҷамъ шудани нерӯҳои Русияро мушоҳида накардаанд, вале баъдан онҳо низ дар бораи ҳамлаи дарпешистода гуфтанд.
Маскав борҳо ин иттиҳомотро рад ва таъкид кардааст, ки ин асосан чун баҳонае барои овардани нерӯ ва таҷҳизоти бештари НАТО ба марзҳои Русия истифода мешавад.