Киҳо зудтар гирифтори коронавирус мешаванду аз ин беморӣ осебпазиртаранд

Табиб гуфт, киҳо нисбатан зуд ба COVID-19 гирифтор мешаванду ин беморӣ барояшон чӣ паёомадҳо дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Афроде, ки аз фишорбаландӣ ранҷ мебаранд, ба коронавирус нисбатан зудтар мубтало мешаванд, изҳор дошт сартабиби дармонгоҳи профессор Каличенко, Леонид Ворслов.
Ӯ дар суҳбат пойгоҳи ҷамъиятии хабарӣ, "ОСН" изҳор доштааст, ки гирифторони фишорбаландӣ бемории коронавирусро нисбатан вазнин паси сар мекунанд.
Ӯ далели хатари бештарро барои чунин афрод, дар он гуфтааст, қабулкунандаҳои махсуси таъминкунандаи фишорбаландӣ барои COVID-19 низ василаи хуби воридшавӣ ба ҳуҷайраҳои бадани инсонанд.
"Одами солим ҳудуди панҷ ҳазор чунин қабулкунакҳо дар сатҳи ҳуҷайра дорад, яъне панҷ ҳазор воҳиди вирусӣ метавонанд ба ҳуҷайра ворид шаванд. Дар ҳоле, ки гирифторони фишорбаландӣ чунин қабулкунакҳоро даҳ баробар бештар доранд", - тавзеҳ дод табиб.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Штамми омикрон муфид аст? Шарҳи вирусшинос
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳуҷайраҳои чунин беморон метавонанд то 50 ҳазор вирус ворид шаванд.
Ворслов афзуд, ки чунин беморон ҳатто баъди поин овардани фишори хун ба воситаи доруҳо, аз коронавирус осебпазиранд чун теъдоди қабулкунандаҳои хос дар ҳуҷайраҳо тағйир намеёбад.
Вай таъкид кард, ки табобати саривақтӣ ва назорати доимии табибон имкони гирифторони фишорбаландиро барои сабук гузарондани коронавирус зиёд мекунад.
Қаблан доктори илмҳои тиб, Дмитрий Еделев роҳи муътамадтарини муҳофизат аз коронавирус, аз ҷумла навъи нави он - "омикрон" - ро гирифтани ваксинаи "Спутник V" хонд.