Барфу борон ва тормеғ: Пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон

Дар аксари ноҳияҳо боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Фаромадани тормеғ ҳам дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Ҳавои ВМКБ бебориш мешавад. Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, вале рӯзона ҳаво то 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар қисмати шарқӣ рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва шабона 11-16 дараҷа сардшавии ҳаво дар назар аст.
Манбаъ дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаро пешгӯӣ мекунад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борону барф ба амал меояд. Ҳамзамон фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориш борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.