Омезиши фарҳангҳо: аксҳо аз консерти ситораи ҷаҳонии балет Фаррух Рӯзиматов дар Душанбе

Фаррух Рӯзиматов, ситораи ҷаҳонии балет бо гузашти қариб 50 сол ба Душанбе баргашт
Sputnik
1 / 14

Дар Душанбе консерти бузурги ситораи ҷаҳонии балет, Фаррух Рӯзиматов баргузор гардид

2 / 14

Барномаи калони консертӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифт

3 / 14

Аз бозе, ки дар Тоҷикистон ин ҳунарманди номиро бисёр интизорӣ кашида буданд, толори театр серодам буд

4 / 14

Ҳунармандон дар саҳна бо либоси қариб ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон баромад намуданд

5 / 14

Ҳамроҳи Рӯзиматтов ҳамчунин ҳунармандони ин театр низ ҳунарнамоӣ карданд

6 / 14

Ҳамчунин ҳунарманди Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, Дониёр Ҳасманов низ ҳунари худро нишон дод

7 / 14

Илова бар ин ҳунармандони ҷопонӣ низ ин консертро ҷаззобтар намуданд

8 / 14

Барномаи ин ҳунармандон ниҳоят ҷаззоб буд

9 / 14

Тамошобинон махсусан аз аъзоёни гурӯҳи Айарӣ Шибасакӣ, Томока Тономура ва Канаме Нои таассуроти калон гирифтанд

10 / 14

Ороиши саҳна ва либоси ҳунармандон ниҳоят аҷиб буд

11 / 14

Ҳунарнамоии гурӯҳи ҷопон дар барномаи калони Рӯзиматов

12 / 14

Дар як саҳна бо Рӯзиматов ҳунармандони ҷавони театри тоҷик Фарангис Қосимова, муҳаммад Азиззода, Асел Нилобекова ва Умед Сангализода ҳунарнамоӣ карданд

13 / 14

Дар театр бори нахуст балети "Садди оташ" нишон дода шуд

14 / 14

Оҳангсози ин балет Қудратулло Яҳёев буд

Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бори нахуст балети "Садди оташ" сурат гирифт. Ҳамчунин ситораи ҷаҳонии балет, Фаррух Рӯзиматов барномаи калони консертӣ намоиш дод.
Ин ҳунарманди номӣ бо гузашти қариб 50 сол а Душанбе баргашт. Ҳамагӣ ду маротиба барои иҷрои барнома ба Тоҷикистон омаду буду халос. Ҳоло бошад ӯ сарбалетмейстери Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ аст.
Барномаи калони консертии Рӯзиматов дар Душанбе дар сатҳи баланд доир гардид. Ҳамроҳи ситораи ҷаҳонии балет ҳунарманди Ӯзбекистон Дониёр Ҳасманов ва дигар ҳунармандони балети Тоҷикистон рӯи саҳна баромаданд. Ҷаззобтарн аксҳои ин шоми фарҳангиро Sputnik гирд овардааст.