ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар иҷлосия вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он Абдуҷалол Қодирҷонзода, сарнозири Ожонси мубориза бо фасод дар Суғд дар бораи содиршавии ҷиноятҳои коррпусионӣ аз сӯйи идораҳои давлатӣ иттилоъ дод.
Бино ба иттилои ӯ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 340 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардидааст, ки 25 мавриди он аз сӯйи 20 корманди идораҳои ҳукуматӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд содир шудааст.
“Ба ғайр аз ин 12 ҷиноят нисбати 7 корманди соҳаи тандурустӣ, дар соҳаи маориф бошад, содиршавии 55 ҷиноят нисбати 32 нафар ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт Қодирҷонзода.
Тавре масъулони идораи мубориза бо фасоди молӣ гузориш доданд, дар давраи ҳисоботӣ омори ҷиноятҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони идораҳои ҳукуматӣ, маориф, тандурустӣ, заминсозӣ ва низоми бонкдорӣ зиёд шудааст.
Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд ба қабули фармони президенти Тоҷикистон дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ишора кард.
Ӯ иброз намуд, ки дар зимни қабули ин фармони раисиҷумҳур дар моҳи августи соли 2021 роҳандозии иқдомоти иттилоотӣ-тарғиботии муқовимат бо коррупсия ба нақша гирифта шудааст.
Назира Ғаффорӣ, омӯзгори Донишгоҳи Хуҷанд ва муовини комиссияи ҷамъияти пешгирии коррупсия зикр кард, ки фасоди молӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, мубориза бо он вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар маҳсуб мешавад.
Аъзои комиссияи ҷамъиятии мубориза бо фасод дар Суғд иброз намуданд, ки фасоди молӣ ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллӣ эътироф гардида, истифодаи маҷмӯи чораҳои муассир ба инобат гирифта шуда, ҳадаф аз баргузории ҷаласа ҳам баррасии роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб аст.