ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи маргборе хабар медиҳад, ки дар пайи он як ноболиғ ҷон дод.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи сеюми декабр, тахминан соати 17:10 рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи автомашинаи тамғаи "Дулан Шакман", ки боиси марги ноболиғ шуд, Д.И., сокини 49-солаи сокини ноҳияи Ёвон будааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Сулаймонов Абдураҳмон Комилҷоновичи дусола, сокини ҳамин ноҳияро пахш кардааст.
"Дар натиҷа ноболиғ Сулаймонов А.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин ҳолати ҳалокати ноболиғ зери чархи мошин набуда, балки ду рӯз қабл низ ВКД аз ҳалокати ду ноболиғони 9 ва 3-сола хабар дода буд.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳаводиси нохуш низ дар пайи ноуҳдабароии ронандагон дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Муъминобод сабт шудаанд.