Паланг дар остонаи дар: рамзи сол дар фарҳанг ва санъати кишварҳои мухталиф - акс

Соли паланг дар ҳар 12 сол ва соли ҳайвони обӣ ҳамагӣ дар 60 сол як маротиба меояд. Sputnik Тоҷикистон гузориши аксӣ бо рамзи соли оянда дар кишварҳои мухталифи ҷаҳонро гулчин кардааст.
Sputnik
1 / 14

Мардум дар арафаи Соли нави Чин ба муҷассамаи сангини паланг дар маъбади абрҳои сафед дар Пекин даст мезананд.

2 / 14

Мухлиси крикет аз Бангладеш тими миллиро бар зидди Англия пешвоз мегирад. Ӯ дар тан либоси паланг дорад, ки рамзи крикет дар кишвар аст.

3 / 14

Зане ба ҳайкалчаи паланги LEGO, ки аз ҷониби ҳайкалтарош Нейтан Савая ҳамчун як қисми "Санъати хишт" сохта шудааст, менигарад.

4 / 14

Композитсияи биринҷии "Палангҳо", ки аз ҷониби Фонди ҷаҳонии ҳайвоноти ваҳшӣ ҳадя ва дар соҳили Владивосток насб шудааст.

5 / 14

Духтаре бо тӯб дар шакли Минни Маус дар назди муҷассамаи паланг дар боғи ҳайвоноти Пекин.

6 / 14

Меҳмон ба асари "Паланг"-и рассом Дэвид Мах, ки дар намоишгоҳи ҳарсолаи санъати муосир дар Порис муаррифӣ мешавад, тамошо мекунад..

7 / 14

Симои ҳавоии паланг дар чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи паланг дар майдони марказии Владивосток.

8 / 14

Муҷассамаи паланг дар ҷашнвораи санъати паради гурбаҳои ваҳшӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково ба номи А.Н.Туполев.

9 / 14

Ҳавопаймои "Трансаэро" бо тасвири нодири паланги Амур оро дода шудааст.

10 / 14

Ҳайкали паланг дар деҳаи Верхняя Иволгаи Республикаи Бурятия.

11 / 14

Ҳайкалчаи паланг дар назди мағоза дар кӯчаи 1-уми Морскаяи Владивосток.

12 / 14

Писарбача дар ҷашнвораи муҷассамаи яхбандии Брюгге ба паланги яхӣ менигарад.

13 / 14

Инсталятсияи азими паланг дар кӯчаҳои Сидней ба ифтихори садсолагии боғи ҳайвоноти Таронга.

14 / 14

Мухлисони бейсбол дар назди муҷассамаи паланг дар назди варзишгоҳи Детройт Тайгерс истодаанд.

Соли 2022 паланги сиёҳи обӣ Барзагови сафедро иваз мекунад. Паланг пас аз 12 сол ба таври ҳаққонй соҳиби сол мешавад, ҳайвон 60 сол пеш обӣ буд.
Паланг яке аз тавонотарин ҳайвон ҳисобида мешавад, ки пешгӯинашаванда ва ҳатто худхоҳ аст.
Аммо, чунон ки мунаҷҷимони чинӣ ваъда медиҳанд, азбаски ҳайвон обӣ хоҳад буд, он на мисли ҳайвони оташин хашмгин хоҳад буд.
Паланг ҳайвони пешбар аст. Вай қавӣ, пурэнержӣ, аммо хеле ҳассос аст. Имсол барои омӯхтани малакаҳои нав ва пешрафт мусоидат мекунад.
Барои бисёриҳо, соли 2022 вақти беҳтарин барои иваз кардани ҷойҳои корӣ хоҳад буд. Ба