Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Штамми омикрон муфид аст? Шарҳи вирусшинос

Вирусшиноси машҳур Алтштейн мегӯяд, штамми омикрон метавонад ба анҷоми пандемия боис шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Штамми нави коронавирус омикрон метавонад аз сабаби паст будани сатҳи фавт муфид бошад. Дар ин бора вирусшинос, профессори Маркази Гамалея Анатолий Алтштейн дар мусоҳиба бо URA.RU гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, то ҳол дар бораи ҷараёни шадиди бемории штамми омикрон маълумот мавҷуд нест, дар ҳоле ки ба маълумот дар бораи сироятёбии босуръати он шубҳае вуҷуд надорад.
Алтштейн инчунин гуфт, ки гирифторӣ ба навъи нави вирус нисбат ба делта осонтар мегузарад, аммо маълум нест, ки он бар зидди штаммҳои дигар масъуният ҳосил мекунад ё не.

"Он (омикрон-шарҳ аз идора) одамонро сироят мекунад, мо бемориҳои сабук хоҳем дошт ва дигар аз ҳеҷ гуна коронавирус наметарсем", - эътироф кард олим.

Штамми нави коронавируси B.1.1.529 миёнаҳои моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шуд.
Омикрон ба 38 давлат расид: таъсири ваксина ба он ҳоло дақиқ нашудааст
Ба гуфти олимон, он дорои даҳҳо таҳаввул дар сафедаи S аст ва метавонад ба антителаҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, тобовар бошад.
СҶБ ин навъи коронавирусро "ташвишовар" эътироф кард ва ба он номи омикрон - ҳарфи 15-уми алифбои юнониро гузошт.
Таҳдид ба Аврупо: штамми нави коронавирус дар кишварҳои ИА паҳн мешавад
Ваксина ба унвони шакли боэътимоди муҳофизат аз COVID-19 боқӣ мемонад. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия изҳор дошт, ки теъдоди гирифторон дар миёни афроде, ки ваксина гирифтаанд, аз се то чаҳор дарсад зиёд нест ва гирифторони шадиди ин беморӣ 0,03 дарсадро ташкил медиҳад.