Баъди баромад дар марҳилаи навбатӣ ва пирӯзӣ Илҳом мусоҳибаи кӯтоҳе дод.
"Ман баробари бачаҳои дигар каме эҳсоси нороҳатӣ кардам. Дар дастаи мо ҳар як узв сазовори пешрафт аст. Ду сароянда, ки имрӯз бо онҳо сурудхонӣ кардам, аз қавитарин овозхонҳои тими мо ҳастанд. Афсӯс, ки онҳо нагузаштанд", - чунин баён кард, ҳиссиёти худро Илҳом Тагиров пас аз ҳунарнамоӣ.
Ба гуфтаи ӯ, бо гузаронидани вақти зиёд бо ҳам ҳамаи иштирокдорон наздик ва дӯсти ҳақиқӣ шуданд.
"Ман воқеан нигарони ҳамаашон ҳастам. Аммо дар баробари ин хушҳолам. Дар ин ҷо омили ҳалкунанда хоҳиши мураббӣ барои кӯшиши кор кардан бо як жанр дар самти муайян аст. Ҳар яки мо метавонистем дар ҷои ман бошем", - гуфт сарояндаи тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки Дима Билан аз се шогирдаш ба Тагиров имкон дод, ки барои пирӯзӣ дар финали мусобиқот рақобат кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар пеш корҳои зиёде ҳастанд.
"Омода шудан лозим аст. Кӯшиш мекунам, ки ҳама чизро дар сатҳи олӣ анҷом диҳам", - ваъда дод Илҳом ва аз ҳар фарде, ки садояш ба ӯ писанд омад, хоҳиш кард, ки дар чорякфинал ба тарафдории ӯ овоз диҳад.
Ёдовар мешавем дар ин давра ҷавони тоҷик бо таронаи "Русское поле" пирӯз шуд, ки ҳакамон аз он гарм истиқбол карданд.
Ин оҳанг соли 1968 аз ҷониби Ян Френкел барои таронаи Инна Гофф дар филми "Саргузаштҳои нави дастнорас" навишта шудааст.