ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Владимир Путин то Соли Нав бо чанде аз роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Давлатҳои мустақил мулоқот мекунад, хабар дод ёвари раисҷумҳур дар умури байналмилаллӣ Юрий Ушаков.
"Агар иттифоқчиёнамонро аз ИИАО ва ИДМ гирем, ният аст, ки президенти мо агар бо ҳамаашон на, бо бисёре аз онҳо мулоқот мекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Ушаков.
Ба суоли мушаххаскунанда, ки оё мулоқотҳо ҳузурӣ баргузор мешаванд, ёвари президент посух дод, ки Кремл талош мекунад, то ин мулоқотҳо бевосита ва рӯ ба рӯ бошанд. Дар мавриди он ки оё мулоқот дар Маскав дар назар аст, Ушаков посух надод.
"Мо кор карда истодаем, то Соли Навро дар иҳотаи дӯстон пешвоз гирем", - шӯхӣ намудааст ёрдамчии раисҷумҳури Русия.
Ин дар ҳолест, ки нимаи моҳи сентябри соли равон сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ва имзои чандин созишномаи ҳамкорӣ дар назар буд. Аммо ба далели гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус ӯ сафарашро ба Душанбе лағв кард.