Ҳар рӯз меларзад: дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид

Дар Тоҷикистон заминларзаи сеюм аз моҳи декабр ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон.
Зилзилашиносон дар ҳудуди кишвар рӯзи сеюм аст, ки мавориди заминҷунбиро сабт мекунанд.
Ин дафъа маркази заминларза дар умқи 143-километрӣ буда, он бо шиддати 3,8 балл рух додааст.
ГУфта мешавад, ларзиши замин соати 14:51 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Сабти ду заминларзаи пай дар пай дар Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар ин бора ҳоло шарҳе надодааст. Дар бораи талафот ва оқибатҳо гузориш дода нашудааст.
Қобили зикр аст, ки ду рӯзи гузашта низ зилзиласанҷон заминларзаи 4,2 ва 4,8-баллиро сабт карда буданд.
Қобили зикр аст, ки дар моҳи гузашта олимон дар қаламрави Тоҷикистон 9 заминларзаро сабт карданд, ки қувваи он аз 4 балл боло буд.