Сокини 46-солаи Душанбе барои таҳқиру озори модари пираш ҳабс шуд

Номбурда қаблан низ барои озор додани модари пираш ду бор ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар Душанбе як модар аз болои фарзанди худ ба кормандони милиса шикоят бурдааст.
Дафтари матбуотии Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт аз қавли ин модар менависад, ки фарзандаш ӯро пайваста мавриди таҳқиру озор қарор медод.
Муроҷиаткунанда арз намудааст, ки писари 46-солааш доим ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бо ҳар баҳона аз гиребонаш мегирад.
Ҷазои ҳуқуқшиноси "Тоҷикфилм" барои гаппартоиву дашноми ҷавонзане дар Душанбе
Кормандони ин ниҳод бар асоси шикояти зани калонсол фарзандашро, ки оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст, ба мақомоти милитсия дастрас карданд.
Муайян гардид, ки ӯ қаблан низ барои дашному озор додани модараш дар ҷойи ҷамъиятӣ ду дафъа муҷозот шудааст.
Ҳамин тариқ бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ин мард, тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парвандаи маъмурӣ тартиб дода ва бо қарори додгоҳ ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд.