ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Вай ҳанӯз овони мактабӣ ба Русия рафта, фақат ду бор барои иҷрои барнома ба Тоҷикистон омада буд.
Камолиддин Сайфиддинов, мудири Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод, ки марди маъруфи балет аз ин ба баъд сарбалетмейстери театри мазкур хоҳад буд.
“Омадани Фаррух ангезаи бисёр хубе барои рушди ҳунари балет дар Тоҷикистон хоҳад буд. Байни театр ва ӯ тавофуқ шуд, ки Фаррух намояндаи театри мо ба унвони сарбалетмейстер ё тарроҳи рақси аслӣ бошад. Ин барои Тоҷикистон як рӯйдоди таърихӣ аст”, - гуфт ӯ.
Фаррух Рӯзиматов 26 июни соли 1963 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон аз волидайни зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон ба дунё омада, ҳанӯз дар синни 10 – солагӣ замони зиндагиаш дар Душанбе ҳамчун як навраси боистеъдод барои таҳсил ба мактаби маъруфи балети Ваганови шаҳри Санкт-Петербурги Русия бурда шуд.
Аз ҳамон айём то ба ҳол ӯ тамоми зинаҳои ин ҳунарро паймуда, дар саҳнаҳои театрҳои маъруфи ҷаҳон дар шаҳрҳои Маскав, Лондон, Токио, Венетсия, Ню-йорк ва ғайра ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷоизаҳои байнулмилалӣ, назири “Ниқоби тиллоӣ”, “Балтика”, “Чароғи тиллоӣ”, Benois de la Danse (Бенуа де ла Данс) ва ғайра шудааст.
Ӯ унвонҳои ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Русияро дорад. Як замон раҳбарии Театри бузурги балети Ӯзбакистонро ба зимма дошт.
Аз моҳи марти соли равон раҳбари гуруҳи балети Театри опера ва балети шаҳри Новосибирски Русия буд.
Дар ҳамин ҳол, худи Фаррух Рӯзиматов дар шарҳи ин ки дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айни шаҳри Душанбе то кай фаъолият хоҳад дошт, чизе нагуфт. Тафсилоти ин ҳам, ки тибқи созишнома ӯ бо чӣ машғул хоҳад шуд, аз сӯи масъулин ироа нашуд.