ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид ин курсиро ба номи Ҷумҳурии исломии Афғонистон нигаҳ дошт.
Зоҳир Ағбар ба хабарнигорон гуфт, ин як рӯзи таърихиест, ки толибон дар арсаи байналмилалӣ шикаст хӯрданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дарёфтааст, ки ин гурӯҳ қодир ба эҷоди як низоми инсонӣ дар Афғонистон нест.
“Ҳифзи курсии давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид далели барҷастаи пирӯзии мардум ва низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон аст”, - гуфт ӯ.
Кумитаи таъйиди салоҳияти СММ дуюми декабр қарор кард, баррасии ин мавзуъро, ки чӣ касе намояндаи Афғонистон дар ин созмони байналмилалӣ хоҳад буд, ба таъвиқ бияндозад. Инро Анна-Корин Энестрем, намояндаи доимии Шветсия дар СММ эълом кард.
Ӯ мушаххас накард, ки оё Ғулом Исҳоқзай, намояндаи доимии собиқи Афғонистон дар СММ ихтиёроти худро ҳифз хоҳад кард ё не.
Бо ин ҳол бархе манобеи ошно ба ин вазъият ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ феълан ба кори худ идома хоҳад дод. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон яке аз даҳҳо намояндагии расмии Афғонистон дар ҷаҳон аст, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро сарпарасти раёсатҷумҳурии Афғонистон эътироф ва раҳбарии ӯро таъйид кардааст.
Ҳоло дар ҷаҳон тамоми намояндагиҳои расмии Афғонистон аз низоми қаблӣ намояндагӣ мекунанд ва толибон натавонистаанд дар ягон кишвар сафорат ё намояндагии худро боз кунанд.
Дар ҳамин ҳол баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Арабистони Саудӣ кори сафорати худ дар Кобулро аз сар гирифтаанд ё мисли Олмону Ҷопон эълом намудаанд, ки намояндагиҳои расмии худро дар “иморати исломӣ” (ҳукумати худхондаи Толибон) боз хоҳанд кард.