Сабти ду заминларзаи пай дар пай дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ду заминларза дар фосилаи ҳамагӣ 5 дақиқа рух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Рӯзи дуюм аст, ки олимон дар Тоҷикистон заминларзаро сабт мекунанд.
Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон дар Тоҷикистон заминларзаеро сабт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, заминларзаи аввал соати 05:01 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Маркази зилзила дар чуқурии панҷ километр воқеъ буда, қувваи ларзиш 4,2 балл будааст.
Пас аз панҷ дақиқа, дар соати 05:06 ба вақти маҳаллӣ Тоҷикистон бори дувум замин ларзид. Шиддати ларзиши дуввум 4,8 дараҷа арзёбӣ шудааст.
Рӯзи аввали зимистон дар Тоҷикистон бо заминларза оғоз шуд
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар ин бора ҳоло шарҳе надодааст. Дар бораи талафот ва оқибатҳо гузориш дода нашудааст.
Қобили зикр аст, ки дар моҳи гузашта олимон дар қаламрави Тоҷикистон 9 заминларзаро сабт карданд, ки қувваи он аз 4 балл боло буд.
Зимистон дар Тоҷикистон низ бо заминларза оғоз шуд - як рӯз пеш олимон аз зилзилаи 4,8-баллие дар кишвар хабар доданд.