ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ба вазъи кунунии Афғонистон нигоҳ накарда, сохтусози лоиҳаи CASA-1000 идома меёбад.
Дар ин бора вазир зимни суханронӣ дар Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ин тарҳ барои Тоҷикистон судманд аст.
"Он метавонад дар тобистон нерӯи барқи изофиро на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба Покистону Афғонистон, ки бахусус дар фасли тобистон ба нерӯи барқ ниёз доранд, фурӯшад", - гуфт Шералӣ Кабир.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 шароити интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро фароҳам мекунад.
Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон кишварҳое мебошанд, ки дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 иштирок доранд.