Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар ҷаҳон беш аз ҳашт миллиард ваксинаи зидди коронавирус истифода шуд

Аз ин миён 4,16 миллиард ба Чин, Ҳиндустон ва Амрико рост меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар ҷаҳон теъдоди ваксинаҳои истифодашуда алайҳи коронавирус марзи 8 миллиардро гузашт, менависад ТАСС бо истинод ба додаҳои мақомоту омори расонаҳо.
Гуфта мешавад, шумори ваксинҳои истифодашуда аз ҳама беш ба Чин, Ҳиндустон ва Амрико рост меояд.
Дар Чин 2,5, Ҳиндустон 1,2 ва Амрико 0,46 миллиард воя ваксина гузаронда шудааст.
Ҳамин тариқ теъдоди умумии вояҳои истифодашудаи ваксина дар ҷаҳон ба 8,03 миллард баробар аст.
Ҳанӯз муайян кардан мумкин нест, ки чӣ қадар одамон дар сайёра мароҳили комили ваксинагириро тай кардаанд, зеро дар бисёре аз кишварҳо дар бораи танҳо шумораи вояи ваксинҳое, ки расман тасдиқ шудаанд, гузориш медиҳанд.
Ҳамзамон дар як қатор кишварҳо аллакай маъракаи реваксинатсия оғоз шудааст.
Видеои қабули бастаи нави ваксина алайҳи коронавирус дар фурудгоҳи Душанбе
Дар ҳамин ҳол роҳбари СҶБ мегӯяд, беш аз 80 фисади ваксинаҳо ба кишварҳои узви созмони G20 фиристода шудаанд ва кишварҳои камдаромад, ки аксари онҳо дар Африқо ҳастанд, танҳо 0,6 дарсади ваксинаҳоро дастрас намуданду халос.
Таъкид гардид, ки суръати ваксиназанӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ дар ҷаҳон ҳадди аққал аз 15 ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад. Дар Тоҷикистон шаҳрвандонро бо 5 навъи ваксина моякӯбӣ мекунанд.