Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дана Уайт гирифтори коронавирус шуд: қаблан ваксина гирифта буд

Уайт ҳарчанд қаблан ваксина гирифта буд, вале бо вуҷуди ин гирифтори коронавирус шуд ва ҳоло дар инзивоъ қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки ӯ ба коронавирус гирифтор шудааст. Уайт гуфт, ҳафтаи ҷорӣ ташхис шуд ва натиҷаи он мусбат баромад.
Феълан Данаи 52-сола дар манзили худ дар шаҳри Лас Вегас дар инзивоъ қарор дорад.
Ҳоло хешовандони ӯ, ки ҳамроҳаш Рӯзи шукргузориро дар иёлати Мэн таҷлил менамоянд, низ аз ташхис гузаштанд ва гирифтории онҳо низ тасдиқ шудааст.
Ҳабиб аз хоҳиши майдондорию зангҳою суоли Дана Уайт гуфт
“Мо ба иёлати Мэн, ба хонаи ман барои таҷлил аз Рӯзи шукргузорӣ рафтем. Ин анъанаи мост. Дар он ҷо касе сироят кард, мо баргаштем, аз санҷишҳо гузаштем, ҳама натиҷаи мусбӣ доданд. Тамоми оилаи мо", - тавзеҳ дод Уайт сабаби бемории худу тамоми хонаводаашро.
Уайт пас аз он ташхис супорид, ки ҳисси бӯй аз ӯ гум шуд.
Ба навиштаи ESPN, феълан роҳбари UFC худро беҳтар ҳис мекунад ва мехоҳад дар мусобиқае, ки рӯзи шанбе дар Лас Вегас баргузор мегардад, иштирок намояд. Албатта, ба шарте ки ташхиси ӯ манфӣ барояд.