Вазорати рушди иқтисод: Муҳоҷирон дар Русия маошро боло мебаранд

Афзоиши музди меҳнат дар соҳаҳое ба қайд гирифта шуд, ки қаблан мизони камтаринро доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муҳоҷирон дар Федератсияи Русия маошро боло мебаранд. Дар ин бора зимни Ҳамоиши ВТБ "Капитал". "Русия даъват мекунад!" гуфт вазири рушди иқтисодии кишвар Максим Решетников.

"Мо мебинем, афзоиши бештари музди меҳнат дар бахшҳое ба мушоҳида мерасад, ки дар он ҷо муҳоҷирон бештар буданд ва мутаносибан касри қувваи корӣ бештар эҳсос мешавад", - гуфт ӯ.

Қаблан камтарин маош дар ҳамин соҳаҳо, масалан, дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмон мушоҳида мешуд. Бо вуҷуди ин вазъият ҳоло беҳтар мешавад.
Ба гуфтаи вазири иқтисод, тақрибан 15 дарсади коргарон камтар аз ҳадди ақали музди меҳнат мегиранд, ки дар соли 2021 12 792 рублро ташкил додааст. Дар соли 2022 ба 13890 расондани он ба нақша гирифта шудааст.
Маоши муҳоҷирон дар Русия боло рафтааст
Решетников гуфт, Русия ҳоло барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, аз ҷумла дар бахши давлатӣ "имконияти бузург" дорад.
Дар баробари ин дар кишвар сатҳи бекорӣ ба таври ғайримуқаррарӣ поин аст, ки каме бештар аз чор фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин вазири рушди иқтисод ба имкони ҷалби шумори изофии афрод ба фаъолияти иқтисодӣ, масалан, аз Қафқоз ишора кард.
Қаблан дар Русия барномаи даст кашидан аз кори муҳоҷирон матраҳ шуда буд.
Маоши муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои Русия ошкор шуд
Ба гуфтаи мутахассисон, барои амалӣ намудани ин ташаббус дар баъзе минтақаҳо, бояд музди корро боло бурда, шароити мусоиди корӣ фароҳам овард, то коргарони маҳаллӣ хориҷиёнро дар ҷойи кор иваз кунанд.