Рӯзи аввали зимистон дар Тоҷикистон бо заминларза оғоз шуд

Дар Тоҷикистон рӯзи аввали зимистон заминларза сабт шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи нав ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ларзиши замин бо шиддати 4,8 дараҷа дар соати 08:46 ба вақти маҳаллӣ (03:46 ГМТ) ба қайд гирифта шудааст.
Маркази заминларза дар 120-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар километри 44-уми самти Шарқ, дар ноҳияи Рашт, дар ҳудуди ин минтақа ҷойгир будааст.
Ларзиши замин дар водии Рашт седараҷаӣ будааст.
Сабти боз як мавриди заминҷунбӣ дар Тоҷикистон: панҷумин бор аз аввали моҳ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтааст, дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, моҳи ноябр дар кишвар панҷ мавриди зилзила сабт шуда буд.
Охирини он бо шиддати 4,6 балл сабт шуда буд.