ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар марзи Афғонистону Эрон, дар музофоти Нимрӯз задухӯрди мусаллаҳона рух дод, хабар медиҳад шабакаи телеграммии Sputnik Афғонистон бо такя ба оҷонсии хабарии "Aamaj News".
Тибқи ин гузориш, задухӯрд байни қӯшунҳои сарҳадии Эрон ва толибон ба амал омадааст.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо нерӯҳоро ба майдони набард мекашанд ва эрониҳо аз силоҳи вазнин истифода мекунанд.
Пештар Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон гуфта буд, ба зудӣ нерӯҳои вижаи худро ба марзҳои Афғонистон интиқол медиҳад.
Дар пайи суқути Ҳукумати Афғонистон ба дасти толибон борҳо гузориш шудааст, ки нерӯҳои Покистон ва Эрон вориди Афғонистон шудаанд, аммо толибон ин хабарҳоро рад кардаанд.
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Рӯзи 6-уми сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.