Охирин шарти Путин ба НАТО

Владимир Путин тавсеаи НАТО ва истиқрори силоҳҳои хатарнок дар наздикии марзҳои Русияро ғайриқобили қабул эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар маросими супоридани эътимодномаҳои сафрони нав дар Кохи Кремлин аз НАТО кафолат хост, ки ин паймон то марзҳои Русия густариш наёбад.

"Ман аллакай таъкид карда будам, ки нахуствазифаи дипломатияи мо кафолати амниятии тӯлонимуддати Русия аст", - гуфт Путин.

Ба гуфтаи вай, дар муколамаи баъдӣ бо Иёлоти Муттаҳида Русия ба созишномаҳои мушаххас, ки барои пешгирӣ аз тавсеаи минбаъдаи НАТО ба Шарқро истисно мекунанд, таъкид хоҳад кард.
Ҳамчунин кишварҳо бояд дар бораи манъи насби силоҳи хатарнок дар наздикии марзҳои Русия музокира кунанд, гуфт Путин.
Ваъдаи Путин барои таҷдиди артиши Тоҷикистон
Путин тавзеҳ дод, ки Маскав ба кафолатҳои ҳуқуқӣ ниёз дорад.
"Чунки ҳамкорони ғарбии мо ӯҳдадориҳои шифоҳии худро иҷро накарданд", - гуфт Путин.
Вай ёдовар шуд, қаблан НАТО ба Русия итминон дода буд, ки ба Шарқ тавсеа нахоҳад ёфт, аммо ба ваъдааш вафо накард.
НАТО нигарониҳои қонунии амниятии Русияро ҳамчунон нодида мегирад, хулоса кард раисҷумҳур.
Қаблан ӯ зимни суханрониаш дар Вазорати корҳои хориҷӣ қайд карда буд, ки Русия як давлати сулҳпарвар аст ва мехоҳад “фазои неки ҳамсоягӣ ва шарикӣ дар фазои пасошӯравӣ” эҷод кунад.
Дар баробари ин Путин бар он аст, ки НАТО омодаи бархӯрд бо Русия мебошад.