Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?

Ҳолати беморони дил пас аз гирифтор шудан ба коронавирус ба таври назаррас бадтар мешавад ва оқибатҳои он ба саломатӣ хатари ҷиддӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Беморони гирифтори мушкилоти дил ва рагҳо пас аз COVID-19 эҳтимол хуруҷӣ бемориҳои музминеро, ки қаблан доштанд, эҳсос кунанд, гуфт Сергей Бойтсов, сарпизишки озоди Вазорати тандурустии Русия.
Барои пешгирӣ аз таъсири манфии коронавирус ба беморон тавсия дода мешавад, ки аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

"Хавфи адами ҷуброн ё хуруҷи бемориҳои дилу рагҳо афзоиш меёбад. Аксари вақт ин гуна дардҳо бо истифода аз доруҳое пас аз машварат бо пизишки қалб ё табиби амрози дарунӣ табобат мешаванд", - шарҳ дод Бойтсов.

Вай инчунин афзуд, ки муоинаи амиқи клиникии беморӣ барои сари вақт танзим кардани табобат мусоидат мекунад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Алоими асосии гирифторӣ ба штамми "омикрон" эълон шуд
Бойтсов тавзеҳ дод, ки беҳтарин чораҳои пешгирикунанда алайҳи COVID-19 дар ҳама гурӯҳи беморон риояи ҳама тадбирҳои эпидемиологӣ, аз ҷумла ваксинзанӣ, пӯшидани ниқоб, риояи масофаи иҷтимоӣ ва чораҳои беҳдоштӣ мебошад.
Мясников ягона роҳи муҳофизат аз штамми нави "омикрон"-ро гуфт
Соли гузашта рӯзномаи "Известия" дар бораи кашшофии олимоне дар ҷаҳон навишта буд, ки онҳо маълум карданд, коронавирус метавонад боиси гирифтории инсон ба инфаркти миокард шавад.