Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд

Зимистони соли 2021-2022 дар Тоҷикистон нисбатан гарму камбориш пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон бо фарорасии нахустин рӯзи фасли сармо гуфт, ки зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд.

"Зимистони солҳои 2021-2022 дар Тоҷикистон ва дар маҷмуъ минтақаи Осиёи Марказӣ нисбатан гармтар мешавад",- гуфтааст Ҷамила Байдуллоева муовини мудири Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар суҳбат бо "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, дар зимистони имсола ҳаво 1 дараҷа аз меъёр зиёд гарм ва миқдори бориш аз меъёр кам пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳи декабр дар Тоҷикистон аз меъёр як дараҷа гармтар мебошад.
Дар Хатлону Душанеб ва навоҳии тобеи марказ ҳарорати миёнаи ҳавои моҳи декабр 6-8 дараҷа ва дар вилояти Суғд 3-4 дараҷа гарм, аммо дар кӯҳҳо аз се дараҷа сардӣ то 2 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Тибқи иттилои оҷонсӣ, сокинони ВМКБ-ро сардии 11-16-дараҷаӣ интизор аст.
Ҳамзамон ҳавосанҷон моҳи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ фаромадани меҳ ва вазидани шамолҳои сахтро истисно намекунанд.
Ба пешгӯии ҳавосанҷон, моҳи январ ҳарорат ва бориш дар ҷумҳурӣ дар ҳудуди меъёр пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳона дар Хатлон 1-3 дараҷа гарм, Суғд аз 0 то 2 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо 2-7 дараҷа сард ва дар баландкӯҳҳои қисмати Бадахшон 16-18 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мешавад.