ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз се миллион нафар зидди бемории коронавирус вакисна гирифтааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.
Дар баробари ин, мувофиқи нақша, беш аз 44%-и аҳоли вояи дуюми зидди коронавирусро гирифтааст.
Аз шумори умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд.
Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то рӯзи зикргардида 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрванди кишвар гирифтааст.
Бояд гуфт, то кунун ба Тоҷикистон 5 намуд ваксинаи зидди сирояти коронавирус ворид гардидааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Sputnik V" аз коронавирус эмин карда мешаванд.
Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то кунун дар Тоҷикистон 17 095 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 16 966 нафар шифо ёфта, аммо 124 кас фавтидааст.
Вазорати тандурустӣ аз сокинони даъват мекунад, ки дар гирифтани вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд, зеро, ягона роҳе, ки метавонад аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус эмин нигоҳ дорад, ин гирифани ваксинаи зидди COVID-19 аст.