Аз 16 дараҷа гармӣ то 21 дараҷа сардӣ: пешгӯии ҳавошиносони тоҷик

Дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе навоҳӣ меғ мефарояд. Ҳаво дар ҷанубу навоҳии марказӣ кишвар то 16 дараҷа гарм ва дар шарқи ВМКБ то 21 дараҷа сард мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Дамои ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, меҳ мефарояд.
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Ба гузориши ҳавошиносон дар водиҳои ин вилоят ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.