Русия

Лавров ягона роҳи наҷоти инсоният аз нобудшавиро гуфт

Аҳолии Замин бо шарте метавонад аз нобудшавӣ наҷот ёбад, ки бисёре аз давлатҳо бо он созиш нахоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Хавфҳои асосиро, ки ба сари инсоният омадаанд, бо ҷидду ҷаҳди аҳли ҷамъияти ҷаҳон бартараф кардан мумкин аст, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
Ба қавли ӯ, силоҳи қатли ом, таҳдиди терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти муташаккил, ҳамчунин иқлим ва муҳити зист метавонад барои роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба ангезаи хубе бахшад.
Агар ин таҳдидҳо кофӣ набошанд, пас пандемияи коронавирус "ба далели боварибахштарин" шудааст, таъкид кард Лавров дар ҷараёни барномаи илмию таълимии "Муколама барои оянда".

"Ҳеҷ ҷойгузине ба кори муштараки бидуни кӯшиши матраҳ кардани стандартҳои духӯра ва барномаҳои пинҳонӣ вуҷуд надорад", - гуфт сиёсатмадор.

Ӯ қайд кард, ки аксарияти ин мушкилотро давлатҳои Ғарб ба вуҷуд овардаанд. Лавров ба унвони намуна пайомадҳои воқеаҳои Ироқ, Либия ва Сурияро мисол овард.
Роҳи ягонаи наҷоти инсоният аз фалокати сартосарӣ ёфт шуд
Мамолики Ғарб ба дурустии карорҳои худ боварӣ доранд, ки гуё ба онҳо давлатҳои дигар ҳам бояд пайравӣ кунанд, гуфт вазир.
Барои рафъи таҳдидҳои мавҷуда бояд дипломатияи классикиро бо шаклҳои дипломатияи ҷомеаи шаҳрвандӣ пурра кард, хулоса намуд Лавров.