Хатари асосии муҳоҷирон барои Русия гуфта шуд

Таваҷҷуҳи нокифоя ба муҳоҷирон дар бисёр давлатҳо боиси афзоиши ҷиноят ва низоъҳо дар заминаи миллию мазҳабӣ мегардад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Русия бояд чораҳои иловагӣ таҳия гарданд, то хориҷиён ба давлат беҳтар мутобиқ шаванд.
Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия зимни ҷаласае, ки ба мушкилоти татбиқи сиёсати муҳоҷирати Федератсияи Русия ва вазифаҳои баланд бардоштани самаранокии он бахшида шуда буд, изҳори назар кард.

"Набояд иҷоза диҳем, ки онҳо, мутаассифона, монанди бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар инзиво қарор бигиранду ба ҳошия ронда шаванд ва пайдоиши гурӯҳҳои қавмӣ дар кишварамон рух диҳад", - таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи Медведев, чунин қаламравҳо бештар ба майдони ҷинояткорӣ табдил меёбанд. Гурӯҳҳои нажодпараст махсусан хавфноканд, мегӯяд ҷонишини раиси Шӯрои амният.
Ҳаракати беназорати гурезаҳо ба Аврупо аз кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Афғонистон боиси оқибатҳои вазнин гардид.
Шӯрои муфтиҳо сабаби аслии задухӯрди муҳоҷирон дар Русияро гуфту роҳи ҳаллашро нишон дод
Мардуми бумии давлат аз зуҳури хориҷиён норозӣ ҳастанд ва аз ин рӯ низоъҳо аксари вақт дар заминаи миллӣ ва мазҳабӣ ба вуҷуд меоянд, қайд кард Медведев.
Ӯ таклиф кард, ки дар бораи зиёд кардани назорати давлатӣ дар ин соҳа фикр бояд намуд. Ба гуфтаи ӯ, масъалаҳои идоракунии рақамии равандҳои муҳоҷират низ дар рӯзномаи ҷаласа қарор доранд.