ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ манобеъ аз Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавор дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба хабари манбаъ, таъйини Бобоев ба мансаби наваш бо пешниҳоди ҳукумати вилояти Суғд ва фармони Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
“Рӯзи Панҷшанбе, 25 ноябр бо иштироки масъулини кумита ҷаласа баргузор ва дар он Маҳмуд Бобоев ба унвони сардори раёсат муаррифӣ шуд”, - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Баъди раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин шудани Аъзам Ализода, вазифаи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Суғд аз ду ҳафта ба ин тараф холӣ монда буд.
Маҳмуд Бобоев, хоҳарзодаи 40-солаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфта мешавад.
Ӯ то замони сардори Раёсати бехатарии озуқаворӣ таъйин шуданаш минҳайси мудири бахши Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (собиқ Институти минтақавии илмӣ-таҳқиқотии боғдорӣ ва ангурпарварии ба номи И. Мичурин) дар вилояти Суғд фаъолият мекард.
Ёдовар мешавем, қаблан Зариф Назирӣ бародарзодаи сарвазири кишвар, ки дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд буд, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъйин гашт.