Тавсифи Зокирзода аз ҳамкорию ҳамоҳангии кишварҳои узви СААД

Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамкорию ҳамоҳангии кишварҳои узви СААД-ро дар баробари таҳдидҳои муосир муҳим хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи чордаҳуми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии СААД таҳти роҳбарии Вячеслав Володин аз вазъи мураккаб дар минтақа гуфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода аз шароити душвори феълӣ дар минтақа ва ҷаҳон зикр намуда, таъкид кард, ки давлатҳои узв метавонанд танҳо якҷоя амният ва суботро дар минтақаи масъулияти ин созмон таъмин намоянд.
Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон, давраи раёсати Тоҷикистон дар СААД ба афзоиши чолишҳои фавқулодда ва таҳдидҳо ба минтақаи амнияти дастаҷамъӣ рост омад.
Интихоби дигарбораи Володин ба мақоми роҳбари Ассамблеяи парлумонии СААД
"Дар баробари таназзули шадиди вазъи низомию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, марҳалаи хатарноки пандемияи COVID-19, ки боиси буҳрони тӯлонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар миқёси ҷаҳонӣ гардид, таъсири манфиро идома дод", - зикр намуд Зокирзода.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз дар натиҷаҳои кори муштарак муяссар шуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолонаи мавқеъҳои сиёсати хориҷии тарафҳо таъмин гардад. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳарбию сиёсӣ тавсиф карда, таъкид намуд, ки ҳамгироӣ, аз ҷумла тавассути робитаҳои байнипарлумонӣ мустаҳкам гардидаанд.
Маҳмадтоир Зокирзода изҳори умед намуд, ки қарорҳои қабулшуда дар давраи гузашта боз ҳам ба таҳкими иқтидори СААД мусоидат мекунанд.