ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Навъи "омикрон"-и коронавирус метавонад боиси пандемияи васеъ гардад. Дар ин бора коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) хабар доданд.
"Навъи нави "омикрон"-и коронавирус метавонад ба хуруҷи беморӣ бо оқибатҳои вазнин оварда расонад", - қайд карданд олимон.
Ба гуфтаи коршиносон, кишварҳо бояд ба таври фаврӣ эмгузарониро суръат бахшанд. Онҳо таъкид карданд, доруҳои қаблан барои коронавирус сохташуда имкон медиҳанд, ки "то андозае" аз шадиди COVID-19 ва марг муҳофизат кунанд.
Бо вуҷуди ин нафарони ваксинашуда низ метавонанд гирифтори нави "омикрон"-и коронавирус шаванд, аммо "бо миқдори ками пешбинишаванда, вобаста ба дараҷаи самаранокии ваксина."
Қаблан СҶБ бинобар сабаби шиддати нави COVID-19 нишасти изтирорӣ даъват карда буд ва дар он коршиносон омикронро як навъи коронавирус арзёбӣ карданд, ки нигаронкунандааст.
Раиси Ассотсиатсияи ҷаҳонии пизишкон Фрэнк Улрих Монтгомери гуфт, ки ин навъ аз нигоҳи хатар метавонад бо вируси Эбола муқоисашаванда ва ба мисли "делта" сирояткунанда бошад.
Навъи нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Дар айни замон "омикрон" паҳншавиро дар дигар давлатҳо идома медиҳад.
Ҳодисаҳои сирояти ин навъ дар Шотландия, Фаронса, Португалия, Ҳонконг, Белгия ва Исроил ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи изҳороти расмии "Роспотребнадзор", дар Федератсияи Русия то ҳол ягон ҳолати сироят ба "омикрон" вуҷуд надорад.