Раҳмон дар мулоқот бо Чон Ий Кореяро шарики боэътимоди Тоҷикистон хонд

Раҳмон ва Чон Ий дар мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақаӣ, аз ҷумла расонидани кумак ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва барои ширкат дар Форуми “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.
Раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки "Тоҷикистон Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонад ва ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем", - хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти кишвар.
Ҷонибҳо зимни мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо муҳокима кардаанд.
Омодагии Кореяи Ҷанубӣ барои маблағгузории лоиаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит дар доираи форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин хусус ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.
Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҷонибҳо арзёбӣ шудааст.
Ҷонибҳо вобаста ба вазъи Афғонистон расонидани кумаки башарӣ ба мардуми ин кишвар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии гуманитариро зарурӣ хондаанд