ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар ҷаласаи ахири раҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар бораи вазъи рӯзҳои ахир дар Хоруғ сухан гуфт.
Ӯ қайд кард, ки набояд ба овозаҳои дурӯғ ва маълумоти беасос дода шуд.
"Махсусан, хидматчиёни давлатиро зарур аст, ки ба ҳамин гуна иғвоҳо ҷавоби сазовор дода, дар доираи қонунгузории кишвар фаъолияти худро ба роҳ монда, бобати амалӣ намудани нақшаҳои фаъолият, ки ба созандагию бунёдкорӣ нигаронида шудаанд, саъю кӯшиш намоянд", - таъкид кардааст Мирзонабот.
Инчунин Мирзонабот аз сафари ахираш ба ноҳияи Мурғоб ва камбудиҳо ёдовар шуда гуфтааст, ки бархе муассисаҳои таълимии вилоят ба мавсими зимистон ба таври кофӣ омода нестанд.
Ӯ ба муовинони раиси вилоят ва масъулини соҳаи маорифи вилоят супориш додааст, ки масъалаи зимистонгузарониро дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар биноҳои таъминоти иҷтимоӣ зери назорат гирифта, дар ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳо чораандешӣ намоянд.
Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба зимистон, захираи маводи ғизоӣ, маҳсулоти кишоварзию сӯзишворӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани техникаи роҳтозакунӣ дар роҳҳои вилоят, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Раиси вилоят ба кормандонаш дастур додааст, ки ба масоили зикргардида диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.
Мақомоти кишвар расман то ҳол дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд.