Ҳукумати Истаравшан барои 27 ҷои кори холӣ мутахассис меҷӯяд: Маош аз 759 то 1132 сомонӣ

Ҳукумати шаҳри Истаравшан барои ишғоли мақомҳои холимонда озмун эълон карда, талабот аз довталабонро тавзеҳ додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 – Sputnik. Ҳукумати Истаравшан ба нашри як иттилоия гуфт, 27 ҷойи кор дар идораҳои давлатӣ дар ин шаҳр холӣ мондааст.
Ба иттилои манбаъ, довталабон метавонанд барои ишғоли мансабҳои холимондаи мутахассисҳои пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, робита бо ҷомеа, соҳаи маориф, мутахассиси соҳаи фарҳанг ва андози ҷамоатҳои Истаравшан дар озмун иштирок намоянд.
Данғара дар таъмини кор ба аҳолӣ пешқадам аст
Аз шумори умумии ҷойҳои корӣ 5 мансаби холӣ дар вазифаҳои сармутахассис, муҳандис - заминсози ҷамоатҳои деҳоти "Пошкент", "Ҷавкандак", "Қалъаи Баланд", "Зарҳалол", "Чорбоғ" гуфта мешавад.
Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ ва маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад, аз талаботи тахассусӣ барои довталабон гуфта мешавад.
Барои ишғоли ин ва дигар ҷойҳои холии кори давлатӣ аз 759 то 1132 сомонӣ ва иловапулӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ пешниҳод мешавад. Ҳуҷҷатҳои довталабон ба озмун то санаи 12 декабр дар ҳукумати Истаравшан қабул карда мешаванд.