ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар машқгоҳи таълимии Фахробод ҳафтаи равон машқҳои баталионӣ -тактикӣ ташкил ва ба роҳ монда шуд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода афзудааст, ки дар размоишгоҳ бо ҷалби ҷузъу томи бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва баталиони сулҳҷӯи Қӯшунҳои зудамали қувваҳои мусаллаҳ тамрин доир гардид.
Манбаъ меафзояд, бо оғози машқҳо гурӯҳҳои ташкилёфта ба муайян кардани мавқеи ҷойгиршавии душмани шартӣ оғоз намуданд.
"Тибқи матлаби баргузории тамринҳои навбатӣ, гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар биноҳои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи роҳандозии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуданд ва гурӯҳи дигар бошад, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехостанд вазъро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд", - омадааст дар хабари вазорат.
Ҳамин тариқ бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар ва пешгирӣ аз ҳамлаи душманони шартӣ байни қувваҳои сулҳхоҳ ва гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳдор муноқишаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷаи он гӯё душманон маҳв гардиданд.
Зикр гардид, ки мақсади асосии баргузории тамринҳои навбатӣ баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати тактикии ҳайати шахсӣ ва омодагии доимии онҳо бар зидди хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ мебошад.