Таҳдид ба ихроҷи донишҷӯе, ки бо мошин ба донишгоҳ омад

Донишҷӯи бахши савуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ихроҷи бидуни барқарорӣ дар давоми се сол аз донишгоҳ таҳдид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон барои донишҷӯён омадан бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ қатъиян ман аст. Дар бастагӣ ба ин маҳдудият ҳатто фармони вазири маорифи Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст.
Дар ҳамин ҳол Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони ин ниҳод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳои пешгирикунанда гузарониданд, ки муайян намудаанд, як донишҷӯ бо мошини шахсӣ дар донишгоҳ ҳозир мешудааст.
Иқдоми навбатии Қурбонзода: 292 донишҷӯ аз пардохти пули хобгоҳ озод шуданд
Манбаъ меафзояд, донишҷӯ сокини ноҳияи Ёвон буда, дар бахши сеюми факултаи молиявӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекунад ва ба дарс бо автомашинаи шахсии тамғаи "Тайота королла" меомадааст.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсия маводи лозима тартиб дода, ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ирсол намудаанд.
Гуфта шудааст, дар ҳолати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо донишҷӯ ба муҳлати 3 сол бидуни ҳаққи барқарорӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.