Аз 16 дараҷа гармӣ то 16 дараҷа сардӣ: дар Тоҷикистон меғ мефарояд

Ҳавои Тоҷикистон бебориш пешгӯӣ мешавад, вале фаромадани меғ дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида меғ мефарояд.
Агентӣ гуфт, рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешаваду, тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.